ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ барои зарардидагони офатҳои табиӣ паногоҳи муваққатӣ бунёд мегардад.
Дар ин бора раиси шаҳр, Ризо Назарзода хабар дода, афзуд, ки сохтмони паногоҳ ҳоло 80 дарсад иҷро гардидааст ва интизор меравад то даҳаи аввали моҳи сентябр он ба истифода дода шавад.
Мири шаҳри Хоруғ дар суҳбат бо сокинони аз офати табиӣ зарардида изҳор дошт, ки ҳарчанд кӯҳҳои осмонбусӣ вилоят бошандагони онро аз ҳаргуна офатҳои табиӣ эмин нигоҳ медоранд, вале дар бисёр ҳолатҳо омадани селу тарма ва сангрезиҳо сокинонро дар ҳолати ногувор қарор медиҳанд.
Ӯ аз ҷумла тармафароии моҳи феврал дар Хоруғро мисол овард, ки ҷони 13 нафарро рабуд ва илова бар ин 39 хонаводаро бе хонаву дар гузошт.
"Тармафароии моҳи феврал моро бори дигар водор менамояд, ки дар баробари офатҳои табиӣ бояд ҳамеша омода бошем", - таъкид намуд раиси шаҳри Хоруғ.
Зикр гардид, ки иншоот дар ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Хоруғ сохта шуда, барои 80 нафар муҳоҷирони экологӣ пешбинӣ шудааст. Дар иншоот дар баробари толори барҳаво, ошхонаи муосир, ҳамчунин ҳуҷраҳо барои модару кӯдаки навзод бо ҷиҳози зарурӣ низ мавҷуд аст.