Толибон* шарҳ доданд, ки чаро салонҳои зебоӣ дар Афғонистонро манъ кардаанд

Толибон* - гуруҳи ҳоким дар Афғонистон мамнӯъияти салонҳои зебоиро бо нигаронӣ аз буҷаи оилаҳои мардуми одии афғонистониҳо шарҳ доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Манъи фаъолияти салонҳои зебоӣ дар Афғонистон бо он шарҳ дода мешавад, ки хидматрасонии ин муассисаҳо бар дӯши хонаводаҳои афғонҳо “бори гарон” мегузорад ва амали муайяни он “хилофи шариат” аст.
Дар ин бора Окиф Муҳоҷир, сухангӯи Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ин ҳукумат хабар дод.
Муҳоҷир тавзеҳ дод, ки салонҳои зебоӣ пеш аз баргузории маросими арӯсӣ бар дӯши хонаводаи домод "бори зиёд" бор мекунанд, ки дар шароити вазъи бади иқтисодӣ ин кор исрофкорист.
Ҳамзамон ӯ таъкид кардааст, ки амалҳои мисли чидани абрӯ ва дароз кардани мӯй "хилофи шариат" мебошад.
Толибҳо: Ҳанӯз шароите барои таҳсил ва омӯзиши духтарон омода нест
Дақиқан чӣ ихтилоф дорад, мансабдор мушаххас накардааст.
Дар бораи мамнӯъияти салонҳои зебоӣ дар пойтахт ва вилоятҳои Афғонистон ду рӯз пеш аз ҷониби Вазорати иршод, фармони некӯ ва манъи маҳкумшуда эълон шуда буд.
Баъдтар Намояндагии СММ оид ба кумак ба Афғонистон аз ҷунбиши Толибон* дар ин кишвар даъват кард, ин мамнӯъиятро лағв кунад, аммо тасмими мусбӣ нашуд.
Ин гуру бо ба қудрат расиданаш омӯзишро барои занон дар ин кишвар манъ кардааст, ки мавриди танқиди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт, аммо барои бозгушоии он ҳеҷ ангеза ва хоҳише надорад
* Ҳаракат барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад