Вазири нақлиёт дар Суғд масъалаи васеъ кардани ҷуғрофияи боркашониро баррасӣ кард

Вазири нақлиёти кишвар дар мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои боркашонии Суғд масъалаҳои ҳалталаби соҳаи, аз ҷумла боркашонии байналмилалиро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл – Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни сафари кориаш ба вилояти Суғд аз муассисаҳои нақлиёти боркашонии Хуҷанд боздид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати нақлиёт.
Ба иттилои манбаъ вазири нақлиёти кишвар дар рафти сафари корӣ ба вилояти Суғд аз корхонаҳои нақлиётии Хуҷанд – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Сайёд", "Сорбон" ва "Акмал", ки бо ҳамлу нақли борҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ машғуланд, боздид намуд.
Қайд карда шудааст, ки Азим Иброҳим назару пешниҳодоти роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои нақлиётиро шунида, бо онҳо масъалаҳои ҳалталаби соҳаи боркашонӣ, аз ҷумла боркашонии байналмилалиро муҳокима кард.
Азим Иброҳим барои фотеҳахонӣ ба сафорати Чин дар Душанбе рафт
Ҳамзамон дар сӯҳбат бо интиқолдиҳандагони хусусӣ мавзӯъҳои марбут ба танзиму тасвияти низоми боркашонӣ, рақамикунонии соҳа, истифодаи технологияҳои нав, васеъ кардани ҷуғрофияи боркашонӣ, риояи меъёрҳо ва қоидаҳо, ҳалли мушкилоти интиқоли бор аз як терминал ба терминали дигар, беҳтар сохтани сифати хизматрасонӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.