Русия тиҷоратро бо Тоҷикистон соддатар мекунад

Тиҷорати байналмилалӣ шаффофтар мешавад ва муомилоти фаромарзӣ бештар назорат карда мешавад ва ҳуҷҷатгузорӣ низ осонтар мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шӯрои Федератсияи Русия қонун дар бораи пайвастани Русия ба Созишнома дар бораи соддагардонии расмиёти тиҷорати фаромарзии бидуни коғаз дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро тасдиқ кард.
Дар созишнома 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Чин ва Туркманистон дида мешавад. Чунин ҳамкорӣ бо ин кишварҳо имкон медиҳад, ҳангоми содирот, воридот ва транзити мол ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои тиҷоратиро дар шакли электронӣ эътироф намоянд.
Ба ҳамин тартиб ин боиси боло бурдани суръати харакати молхо ва зиёд шудани назорати амалиёти мубодилаи байналхалкии мол мегардад.
Лавров гуфт, ки Русия бо кадом кишварҳо бо пули миллӣ тиҷорат хоҳад кард
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қаблан тавзеҳ дод, ки ҳамроҳшавии Русия ба ин созишнома соҳибкорони ватаниро, ки дар шарқ кор мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
Вай аз маълумоти СММ истинод кард, ки тибқи он чунин тасмимҳо ба кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои тақрибан чоряки коҳиши хароҷоти тиҷорат мусоидат мекунанд.