"Хатари кӯчи ТТП ба шимоли Афғонистон": Вазири дифои Тоҷикистон ба Покистон рафт

Дар пасманзари гузоришҳо аз кӯч додани ҷангиёни таҳрики толибҳои Покистон ба шимоли Афғонистон як ҳайати баландпояи низомии Душанбе озими Исломобод шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Вазири дифои Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо дар раъси як ҳайат бо ҳамтои покистонияш Хоҷа Муҳаммад Осиф, дар Исломобод мулоқот анҷом дод.
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев, ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки воқеан як ҳайат дар раъси Шералӣ Мирзо ба Исломобод сафар кардааст.
"Аммо тафсилоти ин сафар барои мо равшан нест ва миёни ду тараф маслиҳат бар ин шуда, ки ахбори онро ҷониби Покистон ироа кунад", - гуфт ӯ.
Расонаҳои Покистон аз баргузории мулоқоти Шералӣ Мирзо ва Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазирони дифои Тоҷикистону Покистон хабар дода, ба ҷуз ҳарфҳои умумӣ тафсилоти кофие ироа накардаанд.
Бино ба иттилоъи онҳо, ҷонибайн бар ҳамкорӣ дар ироаи маълумоти истихборотӣ таъкид намуда, зикр кардаанд, ки ҳарду кишвар ба унвони ҳамсоя ба таҳдидоти амниятии муштарак ва мушобеҳ аз Афғонистон рӯбарӯ ҳастанд.
Сафари ҳайати низомии Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки мавзуъи интиқоли ҷангиёни Таҳрики Толибони Покистон ба марзҳои Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле доғ шудааст.
Хоҷа Муҳаммад Осиф гуфтааст, ки Покистон ба ҳалли мусоламатомези буҳрони Афғонистон эътиқод дорад ва аз талошҳои Тоҷикистон дар ҷиҳати барқарории сулҳу сабот дар минтақа қадрдонӣ мекунад.
Идомаи пуштунсозӣ: сиёсати нави Толибон* дар бораи забон
Бар хилофи иддаои толибҳо, ки гурӯҳҳои террористӣ аз хоки ин кишвар ба кишварҳои ҳамсоя таҳдиде нахоҳанд кард, Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) аз қаламрави Афғонистон ба Покистон нуфуз кард ва кишварҳои дигари атроф борҳо нигаронии худро аз ҳамчунин хатарот баён кардаанд.
Аз сӯи дигар, сафари ҳайати вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Исломобод дар ҳоле сурат мегирад, ки ахбори мутааддиде аз ҷобаҷойии ҷангиёни Таҳрики толибони Покистон дар вилоятҳои бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳаммарзи Афғонистон ба нашр мерасад.
Қаблан сухангӯи ҳаракати толибон*, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, расман изҳор дошта буд, ки бино ба як тавофуқ бо вазири корҳои дохилии Покистон, Рано Сановулло ҷангиёни ТТП аз марзҳои Покистон ба вилоятҳои дурдасти Афғонистон интиқол хоҳанд ёфт, то нигарониҳои Исломободро аз байн бурда бошанд.
Ба назар мерасад, Толибон* бо дур кардани нигарониҳои Покистон барои ҳамсоягони дигарашон дар минтақа нигаронӣ эҷод кардаанд.
*-ҳаракат таҳти таҳрими СММ қарор дорад