Дар Эрон ҳафтаи фарҳанги Русия баргузор мегардад

Ҳафтаи фарҳанги Русия бо барномаҳои рангоранг дар шаҳрҳои мухталифи Эрон аз ҷумла Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Табрез ва Машҳад баргузор хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳафтаи фарҳанги Русия баргузор мешавад, гуфт вазири фарҳанги Эрон Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ.
“Мо талош дорем, ки то охири соли равон аз рӯи тақвими григорианӣ ҳафтаи фарҳанги Русия баргузор намоем”, - гуфт ӯ.
Тавре вазир дар мусоҳиба бо РИА “Новости” гуфт, ҷониби Эрон ният дорад дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Табрез ва Машҳад барномаҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор намояд.
"Ман аслан умедворам, ки ифтитоҳи ҳафтаи фарҳанги Русия дар Эрон ба зудӣ баргузор шавад", - таъкид кард Исмоилӣ.
Ба гуфтаи вай, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ду кишвар адабиёт, синамо, мусиқӣ ва бозиҳои компютерӣ мебошанд.
Шодбошии Раҳмон ба Эрон: Ӯ гуфт, чаро таваҷҷуҳ ба СҲШ зиёд аст
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Маскав намоишгоҳи фарҳанги Эрон ҷараён дорад.
Намоишгоҳе, ки дар яке аз биноҳои “ВДНХ” ташкил карда шудааст, тамошобинонро бо санъату ҳунар, наққошӣ, инчунин бо пешравиҳои саноатии Эрон ошно месозад.