Вуруди Эрон ба СҲШ боиси рушди иқтисоди кишварҳои Ховари Миёна хоҳад шуд

Ҳамроҳшавии Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодии кишварҳои Шарқи наздику миёна такони хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Узвияти Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба унвони узви комилҳуқуқ имкон медиҳад, ки кишварҳои Ховари Миёна равобити тиҷорӣ ва иқтисодиро бидуни нуфузи Ғарб ва доллар амиқтар кунанд.
Дар ин бора Ғуломризо Марҳабо, муовини раиси Комиссияи порлумони Эрон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба эътиқоди ӯ, ин ҳам боиси болоравии иқтисоди кишварҳои минтақа хоҳад шуд.
"Ин созишнома ба мо кумак мекунад, ки заминаи муносиботи солими тиҷорӣ бидуни нуфузи Ғарб... ва долларро гузорем. Минтақа ҳама чиз дорад, ашёи хом, бозорҳои истифоданашудаи барои фурӯши маҳсулоти мо вуҷуд дорад”,- гуфт Марҳабо.
Ахиран сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Носир Канъонӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, пазируфтани Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳам барои ин созмон ва ҳам барои ин кишвар судманд хоҳад буд.
Дар назар аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз 4 июл дар иҷлоси 23 – юми сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки бори аввал таҳти раёсати Ҳиндустон баргузор мешавад, узвияти комилро ба даст орад.
"Армуғон": Эрон дар рӯзи истиқлоли Амрико узви СҲШ мешавад
Коршиноси аршади умури минтақа, Абдулғанӣ Маҳмадазимов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, интихоби 4 июл барои узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой тасодуфӣ нест, балки як “армуғони ғайримунтазира”-и Русияву Чин ба рақиби стратегиашон Амрико аст.
Вай афзуд, қабули Эрон ба СҲШ далели барҷастаи тағйири муҳосибаҳои геополитикӣ дар минтақаву ҷаҳон аст ва мавқеи Русияву Чин дар рақобат бо Амрикову НАТО-ро тақвият медиҳад.