Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои зиддиҳавоии Русия ду ҷангандаи украиниро нобуд карданд

Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар як шабонарӯзи ахир нерӯҳои зиддиҳавоии Русия ду ҷангандаи Су-25 ва 14 паҳподро нобуд карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Вазорати дифои Русия иттилоъ додааст, ки системаҳои дифои ҳавоии Русия дар як рӯзи гузашта ду ҳавопаймои ҷангии Су-25-и Украина, 14 паҳпод ва 5 мушаки мушакандози чандгонаи HIMARS MLRS-ро сарнагун карданд.
"Системаҳои зиддиҳавоӣ ду ҳавопаймои Су-25-и Нерӯҳои ҳавоии Украинаро дар наздикии маҳалҳои аҳолинишини Георгиевкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск ва Орехови вилояти Запорожие сарнагун карданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон вазорати дифои Русия хабар додааст, ки дар давоми рӯз 5 мушаки системаи мушакандози чандгонаи "HIMARS"-ро низ нобуд кардааст.
Вазорати дифоъ қайд кардааст, ки нерӯҳои Русия дар фазои Луганск 14 паҳподи украиниро нобуд карданд. Паҳподҳо дар маҳалҳои аҳолинишини Плошанка, Тополевка, дар вилояти Херсон болои минтақаи Кринки, Саги, Гладкое, ва дар вилояти Запарожие боло Нестерянка, Инженерное нобуд карда шуданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷанги тонкҳо: Вазорати дифои Русия аз тактикаи нав алайҳи артиши Украина гуфт
Дар маҷмӯъ, артиши 449 ҳавопаймои низомии Украина, 241 чархбол, 4887 паҳпод, 426 системаи зиддииҳавоӣ, 10503 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1134 мошини вангӣ бо системаҳои мушакандози чандгона, 5330 тӯпхонаи саҳроӣ ва тӯп, инчунин аз оғози амалиёти вижа 11407 мошинҳои махсуси ҳарбӣ воҳид несту нобуд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.