ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Хукумати Толибон* дастур дод, ки бар асоси он аз шахсони расмй даъват мешавад, дар ҳуҷҷатҳои расмӣ аз истифода бурдани ихтисороти англисӣ худдорӣ кунанд.
Таъкид мешавад, ки ин тасмим ба ибтикори раҳбари ин ҷунбиш Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки ба аҳамияти даст кашидан аз истилоҳоти инглисӣ дар кори идора таъкид кардааст, гирифта шудааст.
Ба гузориши РИА "Новости", мансабдорон муваззаф шудаанд, ки бо забони пашту вожаҳо ва номҳоро истифода баранд.
Дар ҳамин ҳол, дар дастур дар бораи забони дарӣ ва ё худ тоҷикӣ ё форсӣ-тоҷикӣ чизе гуфта нашудааст.
Пештар сухангӯи Толибон* Забеҳулло Муҷоҳид гуфта буд, ки ҷунбиш ба таъсиси ҳукумате манфиатдор нест, ки таркиби он гуногунии этникии кишварро инъикос кунад.
Тавре ки ин мансабдор тавзеҳ дод, таърихи Афғонистон собит кардааст, ки ин як усули бебарор аст ва Толибон * дар таъйиноти худ бар асоси принсипҳои шариат роҳнамоӣ мекунанд ва ба миллат аҳамият намедиҳанд.
Гузашта аз ин, Муҷоҳид афзуд, ҳар нафаре, ки дар ҷиҳоди озодихоҳ саҳм гузоштааст, аллакай дар ҳукумат намояндагӣ доранд ва кишварҳои хориҷӣ набояд умедвор бошанд, ки афроди нуфузии онҳо ба он ҷо шомил мешаванд.
* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.