ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Миёни осебдидаҳо аз бетартибиҳо дар шаҳрҳои Фаронса шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод, афзуд, ки ҳамчунин миёни боздоштшудаҳо низ шаҳрвандон кишвар нестанд.
"Вазорати корҳои хориҷӣ аз тоҷикистониҳои муқими Фаронса хоҳиш дорад, ки дар ҳолати зарурат аз тариқи рақамҳои +330170929342 бо сафорат дар тамос шаванд", - гуфт Самадӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ошӯбҳо дар шаҳрҳои Фаронса баъди он шурӯъ шуд, ки маъмурони пулис ҳангоми тафтиш дар роҳ дар Нантер як навраси 17-соларо, ки ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, аз иҷрои талаби онҳо сарпечӣ кард, тир холӣ карданд.
Дар пайи нооромиҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ садҳо сӯхтор, аз ҷумла оташзании мошинҳо ва биною иншоот ба қайд гирифта шудааст.
Инчунин эътирозгарон даст ба бетарибиҳо, аз ҷумла ҳамла ба кормандони пулис зада, садҳо маъмурро маҷрӯҳ кардаанд. Ҳамчунин ошӯбгарон, ки бисёрашон шаҳрвандони ноболиғ муаррифӣ мешаванд, даҳҳо идораи пулисро оташ задаанд.
Мақомоти пулиси Фаронса мегӯянд, дар маҷмӯъ то ҳол ҳудуди 3 ҳазор нафар боздошт шудаанд, ки сеяки онҳоро ноболиғон ташкил медиҳанд.