ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Шикасти тектоникие, ки дар фаҳмиши оянда дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, метавонад танҳо бадтар шавад.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев бо нашри як матлаб дар нашрияи "Российская газета" баён доштаст.
Дар мақола сиёсатмадор таъкид намудааст, ки бархӯрдҳо давомноканду танҳо шиддат хоҳанд ёфт.
"Он ҷудошавии тектоникие, ки дар дарки оянда дар манотиқи мухталифи ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, танҳо бадтар мешавад. Барои фаҳмидани он, ки марҳилаи муқовимат хеле тӯлонӣ хоҳад буд, фолбин будан лозим нест", - навиштааст Медведев.
Вай инчунин қайд кард, ки ҷанги сеюми ҷаҳон яке аз роҳҳои бартараф кардани мухолифатҳои давомдор хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Медведев таъкид кард, ки пас аз анҷоми он ҳеҷ кишваре баранда боқӣ нахоҳад монд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба имкони истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар ин муноқиша ишора карда, паёмадҳои эҳтимолиро номбар кард, ки аз ҷумла фарорасии зимистони ҳастаӣ, эпидемияҳо ва гуруснагӣ ҳастанд.
Қаблан Медведев аз ҷаҳони англосаксон даъват карда буд, ки дарк кунанд, ки мухолифат бо Ғарб ҷаҳонӣ шудааст.