Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифоъ талафоти Украинаро дар як шабонарӯз эълон кард

Талафоти нерӯҳои Украина танҳо дар ду самти ҷабҳа дар давоми шабонарӯзи охир даҳҳо сарбоз, тонк ва техникаи дигари зиреҳпӯшро ташкил дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар самтҳои Донетски ҷанубӣ ва Запороже давоми шабонарӯзи охир Киев то 150 нафар, як танк ва ду мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом талаф дод, гузориш дод Вазорати мудофиаи Русия.
Ба иттилои манбаъ, зарба ба таҷаммӯи нерӯи украинӣ дар минтақаи Пятихатка ва Мирний зада шуд.
"Дар пайи зарба дар ин самтҳо 150 низомии украинӣ захмӣ ва ё кушта шуда, як танк, ду мошини ҷангии пиёдагардон, ду мошини зиреҳпӯш, се худрав як гаубисаи FH70-ро талаф ёфтанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ҳамчунин, тибқи иттилои ин ниҳоди низомӣ дар самти Запороже, авиатсияи оперативӣ-тактикии гурӯҳи нерӯҳои "Восток" ба таҷаммӯи нерӯи зинда ва техникаи воҳидҳои бригадаи механиконидашудаи 33-уми нирӯҳои Украина зарба зад.
Бадтар аз Афғонистон: зархаридони амрикоӣ дар бораи даҳшат дар фронти Украина
Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Украина барои гузаронидани ҳамлаи ҷавобӣ талошҳое нав дорад, аз ҷумла дар самти Запорожйе, аммо Киев шонсе ҳам надорад.
“Ман фикр мекунам, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин ҷо шонсе надоранд, шонс ҳам нахоҳад буд. Мисли дигар самтҳо. Ман ҳам ба ин шубҳае надорам", - таъкид кард Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи Украина дар самтҳои Ҷануби Донетск, Запорожие, Артёмовск 4 июн оғоз шуда буд, аммо дар пайи талафоти зиёд ба муваффақияте ноил нашуданд.