Оғози имтиҳоноти дохилшавӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон сар аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба доннишгоҳу донишкадаҳои кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Маркази миллии тесть аз оғоз ёфтани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ хабар дод.
Бар хабари манбаъ, барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо дар заминаи 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд.
Зикр гардид, ки дар 20 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъан 1129 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудааст.
"Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзи 1 июл дар 42 маркази имтиҳонӣ довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қвйд гардид, ки имсол ба мисли солҳои қаблӣ раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ тавассути камераҳои назоратӣ дар ҳолати онлайн дар Марказ пахш карда мешавад.
Барои ин ҳар як маркази имтиҳонӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) 20 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ягон восита ба кор намеравад: Маркази тестӣ ба довталабон ваъдаи имтиҳоноти шаффоф дод
Қаблан, Маркази миллии тестӣ бо муроҷиатномаи махсус ба довталабон гуфтааст, ки шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кораш буда, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ кафолат медиҳад.
Ин ниҳод аз кулли довталабон дархост кардааст, ки ба қаллобон ҳангоми имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо бовар накунанд.