Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 12 ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кард

Вазорати дифои Русия мегӯяд, нерӯҳои дифои ҳавоӣ давоми як шабонарӯз ду мушаки Storm Shadow ва 12 ҳавопаймои бесарнишини украиниро сарнагун кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Системаҳои дифои ҳавоии Русия дар як рӯзи гузашта ду мушаки болдори Украина, панҷ адад HIMARS MLRS ва 12 ҳавопаймои бесарнишинро нобуд карданд.
дар ин бора дфтари матбуоти Вазорати дифои Русия хабар дод.

"Дар давоми рӯз системаҳои дифои ҳавоӣ ду мушаки болдори дурпарвози Storm Shadow ва панҷ мушаки системаи мушакии чандпарвози HIMARS-ро боздоштанд", - омадааст дар хабарномаи вазорат

Илова бар ин дар маҳалҳои аҳолинишини Артемовск, Соледар, Диспутний ва Володинои ҶМД, вилоятҳои Бердянск ва Балочкаи Запороже 12 ҳавопаймои бесарнишини украинӣ низ нобуд карда шуд.
Дар маҷмӯъ 444 ҳавопаймои низомии Украина, 240 чархбол, 4845 ҳавопаймои бесарнишин, 426 системаи зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 10 430 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1134 мошини ҷангии системаҳои мушакӣ, 5291 адад артиллер, 11324 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ сарнагун гардиданд.
Вазорати дифои Русия инчунин хабар дод, ки дар самти Херсон нерӯҳои Русия дар як рӯз то 30 низомии украинӣ ва як гаубитсаи амрикоии M777-ро нобуд карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Кори ҷангии Ka-52 дар минтақаи амалиёти низомӣ
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.