Хоруғ чароғон шуд

Дар доираи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон шаҳрдории Хоруғ иқдом барои чароғон кардани ҷодаҳои маркази маъмурии ВМКБ-ро тақвият бахшидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Барои беҳтар намудани шароити инфрасохтории шаҳри Хоруғ зиёда аз 300 метри роҳи пиёдагард чароғон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки роҳ аз маҳаллаи Дашти Боло то маҳаллаи Хоруғи Боло равшан карда шуд.
Роҳбарияти маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳор дошт, ки то ҳол торикии ин қитъа аз мушкилоти асосии сокинони ин маҳаллаҳо ба шумор мерафт.
Таъкид шудааст, ки хати чароғоншуда дар маҳаллаи мазкур бо ҳузури раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ба истифода супорида шуд.
Расулзода: Тоҷикистон тавлиди нерӯи барқро 5 баробар зиёд мекунад
Шаҳрдор зимни суҳбат бо сокинони ин маҳаллаҳо изҳор дошт, ки ин иқдом дар асоси дархости худи сокинон рӯи кор омада, мақсад аз роҳандозӣ намудани онҳо ин мусоидат намудан дар беҳтарсозии ҳаëти некӯаҳволии бошандагони маркази маъмурии ВМКБ ба ҳисоб меравад.
Сокинони ин маҳаллаҳо дар сӯҳбат бо раиси шаҳри Хоруғ барои чунин ғамхориҳо ба роҳбарияти шаҳру вилоят изҳори сипос кардаанд.
Инчунин изҳори итминон карда шудааст, ки сокинони шаҳр дар ҷавоби ҳамаи ин дастгириҳои давлату ҳукумат дар вусъат додани корҳои созандагию бунëдкорӣ саҳми бештар мегузоранд.