Ид мотам шуд: Чанд кӯдак дар роҳҳои Тоҷикистон қурбонӣ шуданд?

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳаводиси роҳу нақлиёти кишвар дар рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар кишварро таҳлил кардааст, ки боиси марг шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон 3 кӯдак ҷон додаанд.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла ронандаи 28-солаи "Тойота-Марк Zio", дар рӯ ба рӯи истгоҳи "Боғи ҳайвонот"-и шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагарди 17-соларо зер кардааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ки сокини шаҳри Кӯлоб будааст, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзуд, ки рӯзи ид инчунин ронандаи 33-солаи "Тойота Каролла", ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти шаҳри Кулоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, духтарчаи 10-соларо зер кардааст.
Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон - видео
Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, ронандаи "Мерседес-Бенс", сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Турсунзода ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор кӯдаки 7-сола, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Писарчаи ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Фоҷиаҳо дар ҳоле рух додаанд, ки Тоҷикистон 28 июн иди Қурбонро ҷашн мегирифт ва дар ин рӯз идгардаки дастаҷамъонаи кӯдакону наврасон ба анъана табдил ёфтааст.