ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Беш аз 1500 нафар дар Тоҷикистон бо тамриноти якмоҳа дар марокизи таълимии вазорати дифоъи ҷумҳурӣ фаро гирифта шудаанд.
Ин афрод пас аз пардохти маблағи муайян ба суратҳисоби вазорати дифоъ ва гузаштани марҳалаи якмоҳаи таълим амалан хизмати сарбозиро адо мекунанд, аммо дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии кишвар сабт мешаванд.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шуруъ аз 12 июни соли 2023, 1500 нафаре, ки ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайян дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷалб гардида буданд, дар 2 баст тамрини низомӣ мегиранд.
“Онҳо дар машқгоҳу марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, “Тоҷмаҳал” ва “Лоҳур”-и гарнизони Душанбе ва дар пойгоҳи филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд уҳдадорӣ ё худ хизмати ҳарбиро бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ, ҳамчун сарбоз адо менамоянд”, - гуфт Маҳмадализода.
Ба қавли ӯ, барномаҳои таълимии якмоҳаи сарбозон дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо усули минтақавӣ ва тибқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ, талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва амру фармоишҳои вазири мудофиа, ки барои хизматчиёни ҳарбии хизмати мӯҳлатнокро адокунанда муқаррар карда шудаанд, ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамаи машқгоҳу марказҳои таълимӣ барои хизмати ҳамарӯза, нигаҳдории онҳо ва ташкилу баргузор намудани дарсу машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии саҳроӣ, тамоми шароити лозима муҳайё гардидааст.
Дар мавриди барномаҳои таълимии сарбозон гуфта мешавад, он мутобиқ ба 30 рӯзи хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ таҳия, тасдиқ ва амалан татбиқ карда шуда истодаанд.
Тибқи моддаи 37-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки соли 2021 ба тасвиб расид, ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон бо ариза муроҷиат намуда, бо тартиби муайян, ба таври ихтиёрӣ ва бо супоридани маблағ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа, хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд.
Бино ба ин қонун, ҳаҷми пардохти маблағ 28 ҳазору 560 сомонӣ баробар бо 420 нишондиҳандаи ҳадди ақалро, ки дар ҳоли ҳозир 68 сомонӣ аст, ташкил медиҳад.