Намози иди Қурбон дар Маскав - аксҳо

Барои анҷоми намози иди Қурбон субҳи барвақт дар масҷиди ҷомеаи Маскав ва хиёбонҳои атрофи он ҳазорҳо мусалмон, аз ҷумла муҳоҷирон ҷамъ омаданд
Sputnik
Намозгузорон мавъизаи идонаро шунида намоз гузоштанду ҳамдигарро бо фарорасии иди Қурбон шодбош гуфтанд.
1 / 10

Ҳазорҳо мусалмон, аз ҷумла тоҷикистониён дар масоҷиди Маскав намози идашонро анҷом доданд

2 / 10

Масҷиди ҷомеи Маскав нав ҳамаи намозгузоронро ғунҷонд ва ҳазорҳо мусалмон дар ҷодаҳои атрофи он намозашонро гузоштанд.

3 / 10

Иди Қурбон дар пойтахт ва вилояти Маскав тибқи нақшаи мувофиқашуда бо мақомот баргузор мешавад, гуфт муфтиёти Русия.

4 / 10

Намози ид дар ҳамаи масоҷиди Маскав, аз ҷумла дар масҷидҳои ҷомеъ, ёдбудӣ ва таърихии пойтахт баргузор гардид.

5 / 10

Муҳоҷирон аз Тоҷикистон низ баробари мусалмонони дигар дар Русия ба намози ид ҳозир шуданд.

6 / 10

Дар баробари дуою намоз, мусалмонон ҳамдигарро бо фарорасии иди Қурбон шодбош гуфтанд.

7 / 10

Ҳамчунин дар 55 мавзеи дигари вилояти Маскав барои намози ид шароит фароҳам шудаст.

8 / 10

Дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи фазилатҳои иди Қурбон мебошанд.

9 / 10

Дар иди Азҳо ё Қурбон мусалмонони тавонманд чорвоеро қурбонӣ мекунанд. Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.

10 / 10

Ҳамчунин мусалмонон баъди намоз одатан меҳмони ҳамдигар мешаванду идро шодбош мегӯянд.