Лукашенко кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба ҳамгироӣ даъват кард

Раҳбари Беларус ёдовар шуд, ки Давлати иттиҳодӣ клуби пӯшида нест, ки зидди тарафи сеюм боша. Вай тамоми кишварҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ҳамкориҳои минтақавии Русия ва Беларус бояд берун аз ҳудуди Давлати иттиҳодӣ бошанд.
Тавре вай дар паёми худ ба иштирокчиёни Х-умин форуми минтақаҳои ду кишвар, ки дар Уфа баргузор шуд, гуфт, зарур аст, ки ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ, СҲШ, БРИКС, АСЕАН ва "ҳар кишваре, ки омодаанд бо мо дӯст ва кор кунанд."
"Иттиҳоди Беларус ва Русия клуби пӯшида нест. Мо бар зидди касе муттаҳид нестем. Ман метавонам бештар гӯям: белорусҳо ва русҳо манфиатдоранд, ки тамоми кишварҳои минтақаи Авруосиё дар маҷмӯъ рушд кунад", - таъкид кард Лукашенко.
Лукашенко гуфт, ки дар сурати фурӯпошии Русия ҳама нобуд мешаванд
Қаблан президенти Беларус гуфта буд, ки риштаҳои дӯстӣ ва бародарии Беларус ва Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, ба ин муносибатҳои дӯстии деринаи ӯ бо раисиҷумҳури ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мусоидат мекунад ва барои таҳкими шарикии Беларусу Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шудааст.