ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мардуми кшварро бо фарорасии иди саиди Қурбон шодбош гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу намуд.
Вай дар паёмаш зикр намуд, ки соли равон Рӯзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон пайи ҳам омад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар ду санаи муҳимро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бо гиромидошту арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои миллӣ истиқбол мегиранд.
"Дар шароит ва муҳити сулҳу оромӣ озодона таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва ба ҷо овардани ойину анъанаҳои динӣ самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо бояд аз ин неъмати бузург сидқан шукргузор бошем", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистон ба дини мубини ислом ҳамчун сарчашмаи поку беолоиши ахлоқиву маънавӣ эҳтиром мегузоранд.
"Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи озодии виҷдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз барои адои фарзиёти исломии мардум тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст", - илова намуд ӯ. .
Ба гуфтаи президент, моҳияти иди Қурбон – яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад.
Яъне ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки бояд риоя шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бахусус, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандон аз анъанаҳои неки иди Қурбон маҳсуб меёбад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон соли равон 28 июн иди Қурбонро таҷлил мекунанд.