ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид дар арафаи Иди Қурбон тавзеҳ дод, ки ба киҳо додани садақа савоб асту ба кӣ не.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид дар паёми шодбошияш зикр намуд, ки додани садақа ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, раво нест.
"Савоби бузургтарин дар ин айём хайру саховат ба афтодаҳолон, ятимон, ниёзмандону муйсафедон ва бепарасторон мебошад", - гуфт ӯ.
Вай изҳор дошт, ҳар фарде, ки дар ин рӯзҳо сари ятимеро навозиш кунад, дасти фитодаеро бигирад, ҳоҷати барҷомондаеро барорад, савобаш аз савоби зиёрати хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.
" Аз ин лиҳоз, мо бояд барои осонӣ овардан ба мардум тамоми чораҳоро биандешем ва насли наврасро дар руҳияи баланди инсондӯстӣ, омӯхтани илм ва садоқат ба Ватан тарбият намуда, ба воя расонем", - муҳим хондаст Давлаталӣ Саид.
Сокинони Тоҷикистон 28 июн дар баробари дигар мусалмонон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд.
Бино ба иттилои Шӯрои уламои кишвар вақти баргузоршавии намози ид соати 06:00 муайян карда шудааст.
Дар Иди Азҳо ё Қурбон мусалмонони тавонманд чорвоеро қурбонӣ мекунанд. Маъмулан,Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон фаро мерасад.