Тӯфони чангу ғубор ва борону раъду барқ: пешгӯии дамои ҳаво дар Тоҷикистон

Сокинони шимолу шарқи ҷуиҳуриро ҳавои нисбтан салқин ва борону раъду барқ интизор буда дар ҷануб ва маркази кишвар, ҷангу ғубор пешгӯӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.
Бино ба пешгӯии Агентии обуҳавосанҷии кишвар ҳарорати ҳаво рӯзона то 2 дараҷа паст хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво 4+9 дараҷа ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Суғдро бошад, ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳушдори КҲФ аз ифлосшавии шадиди ҳаво дар Тоҷикистон
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Хатлониёро бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш, аммо тӯфони чангу ғубор интизор аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+44 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддату раъду барқ ва дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25, рӯзона 33+38 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои Душанбе низ бебориш, аммо ғуборолуд пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.