ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш қайд кардааст, ки имрӯзҳо ҷашни ваҳдати миллӣ ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии Тоҷикистон ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Вай афзуд, ки ваҳдат дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтихори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки аввалин қадамҳо дар ҷодаи ризоияту ҳамдигарфаҳмӣ ва эҷоди раванди ваҳдати миллӣ маҳз дар ҳамон иҷлосияи тақдирсози таърихӣ гузошта шуданд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки баъди баргузории иҷлосия роҳи Тоҷикистон то расидан ба истиқрори сулҳ хеле тӯлонӣ буд ва душманону хоинони миллату давлат баъди имзои Созишномаи сулҳ боз чанд соли дигар ба хиёнату ҷиноятҳои худ идома доданд.
“Вале майлу иродаи қатъӣ ва ақлу хиради мардуми шарифи Тоҷикистон боис гардид, ки ҳама дар атрофи Ҳукумат муттаҳид шуда, бо вуҷуди вазъи бисёр мураккаб ва мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоии он рӯзҳо ба барқарорсозии баъдиҷангии минтақаҳои осебдида, зина ба зина обод кардану пешрафта гардонидани Ватан, давлат ва осоиши ҳар як хонадони мамлакат бо азму талоши ватандӯстона оғоз намоянд”, - афзуд Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон дар паёмаш зикр кард, ки ҳоло Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бомаром тараққӣ карда истодаанд.
“Ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, самараи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи халқи қаҳрамони Тоҷикистон ва албатта, мояи ифтихору сарфарозии хурду бузурги мамлакат мебошад”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳури Тоҷикистон илова кардл, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳаммияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст.
Вай афзуд, ки тазодҳои замони муосир, зуҳури ғояҳои хатарбор, шиддат гирифтани муборизаҳои мафкуравӣ, рақобатҳои иттилоотӣ ва хатарҳои дигар, ки тӯфони ҷаҳонишавӣ бо худ меоварад, моро водор месозанд, ки андешаи муқаддаси ваҳдати миллиро ба хотири саодати миллат ва бақои давлат ҳарчи бештар густариш бахшем.
“Мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.