Иштироки 8 геологҳои ҷавони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Русия

Дастаи "Кристал" бо гирифтани ҷойи якум дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба Тотористон барои иштирк дар Олемпиадаи XIV геологҳои ҷавони Русия, меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф Олимпиадаи нуҳуми ҷумҳуриявии "Геологҳои ҷавон" баргузор гардид, иттилоъ додааст Саридораи геологияи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни мусобиқаҳо — ҳафт дастаи геологҳои ҷавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Гулистон, Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакию Ваҳдат байни худ сабқат намуданд.
Дар ин мусобиқа дастаи “Кристал” ба гирифтани ҷойи якум ноил шуда, “Помир” сазовори ҷойи дуюм гардида, “Сирдарё” аз шаҳри Гулистон ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
Ғолибон бо “Диплом” ва иштироккунандагони фаъол бо “Сипоснома”-и Саридораи геологияи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Беш аз 1,5 ҳазор медал: Афзоиши ҷоизагириии хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ
Манбаъ таъкид кардааст, ки аз байни иштирокчиёни ҳафт даста, ки шумораи онҳо 50 нафарро ташкил медод, 8 нафар беҳтаринҳо интихоб ва ба Олимпиадаи XIV геологҳои ҷавони Русия, ки аз 27 июл то 7 августи соли 2023 дар шаҳри Алметевски Тотористон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Олипиадаи ҷумҳуриявӣ дар ду сол як маротиба, дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор мешавад .
Ба он хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 – и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, ки ба омўзиши илми соҳаи геология шавқу рағбати бештар доранд, ҷалб мешаванд.
Мусобиқа ва озмунҳо вобаста ба илми геология дар ҳузури ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби олимону коршиносони соҳа таъсис ёфтааст, гузаронида мешаванд.