ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раиси созмони ҳаҷузиёрати Эрон Сайидабоси Ҳусейнӣ эълом кард, ки бар асоси барномарезиҳои анҷомшуда дар Арабистон гуштҳои қурбонӣ дар ҳаҷи имсол ба 34 кишвари фақир ирсол мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парс Тодей".
Оқои Ҳусайнӣ афзуд, ки 40 дарсади аз гушти густфанди қурбонии ҳоҷиёни эронӣ дар рӯзи иди саъиди Қурбон низ дар ихтиёри фақирон ва ниёзмандони арабистонӣ қарор хоҳад гирифт.
Вай таъкид кард, ки мутобиқи аҳкоми шаръи ҳар ҳоҷи бояд дар рузи иди Қурбон як гусфанди нар қурбони кунад ва ба теъдоди тамоми зоирони эронӣ густфандҳои мавриди назар пешбини ва харидори шуда аст.
Раиси созмони ҳаҷузиёрати афзуд 65 нафар зобиҳон “қасоб” аз Эрон дар рузи иди Қурбон кори қурбони кардани густфанди ҳоҷиёни эрониро дар қолаби тарҳи қурбонӣ анҷом медиҳанд.
Вай гуфт ҳамчунин гуфт, ки тамоми муқадимот ва барномарезиҳо барои тарҳи қурбонӣ андешида шуда аст ва 72 хати зебҳ дар иди саъиди Қурбон барои зоирони эронӣ дар Маккаи Мукаррама фаъолият хоҳанд кард.
Ҳусейни афзуд, ки зебҳ дар хатҳои ёдшуда тавассути 65 зобеҳи эронӣ ва дар 3 кушторгоҳ анҷом мегирад имсол дар маҷмуъ 87 ҳазору 541 зоири эронӣ дар маносики ҳаҷи фарзия ширкат карданд.