ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Вазъият бо Ширкати хусусии низомии “Вагнер”, ки рӯзи шанбе сурат гирифт ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина таъсир намерасонад, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
“Ба ҳеҷ ваҷҳ. Ҷангҷӯёни мо дар хатти ҷабҳа қаҳрамонӣ нишон медиҳанд, онҳо ҳамлаи ҷавобии артиши Украинаро хеле ва хеле муассир ва бомуваффақият рафъ мекунанд. Амалиёт идома хоҳад ёфт", - гуфт оқои Пескрв.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дафтари матбуоти раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко хабар дод, ки Евгений Пригожин пешниҳоди раҳбари Беларусро дар бораи қатъи ҳаракати афроди мусаллаҳи “Вагнер” дар Русия ва андешидани чораҳои минбаъда барои коҳиши авзоъ пазируфта аст.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар суханоне эълом кард, ки Русия бо хиёнат рӯ ба рӯ аст, душман аз пушт ханҷар зада ва ин мустаҳаққи муҷозот аст.
Путин тасреҳ кард, ки Русия ба шиддат барои ояндаи худ мубориза мекунад ва ин мусталзими раҳо шудан аз ҳар он чизе аст, ки ин кишварро тазъиф мекунад.
Роҳбари Русия дар паёмаш гуфт, шӯҳратпарастӣ ва манфиатҳои шахсӣ боиси хиёнат ба Русия ва мардуми Русия шудааст.
"Каҳрамононе, ки Соледар ва Артемовск, шаҳру маҳаллҳои аҳолинишини Донбассро озод карданд ва ҷони худро барои ягонагӣ ва сулҳи Русия нисор карданд. Ба ном ва ӯҳрати онҳо ҳам хиёнат карда, исён ташкил намуданд ва кишварро ба анархия, бародаркушӣ ва дар ниҳоят ба таслимшавӣ телла медиҳанд", - изҳор дошт Путин.