Медведев: Русия намегузорад, ки силоҳи ҳастаӣ ба дасти роҳзанҳо афтад

Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия мегӯяд, ҳарчанд ҷинояткорони девона мехоҳанд, ки силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёр дошта бошанд, вале ба мақсад нахоҳанд расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бузургтарин арсеналҳои силоҳи ҳастаӣ ҳеҷ гоҳ таҳти назорати роҳзанон набуд, ҷаҳон ба остонаи нобудӣ оварда хоҳад шуд, мақомоти Русия намегузоранд, ки воқеаҳо аз рӯи чунин сенария пеш раванд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев дар пасманзари вазъи мавҷуда дар Русия хабар дод.
"Мо оқибатҳои табаддулоти давлатиро дар бузургтарин қудрати ҳастаӣ дарк мекунем. Дар таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ чунин ҳодисае набуд, ки бузургтарин арсенали силоҳи ҳастаӣ таҳти назорати роҳзанон қарор дошта бошад. Чунин бӯҳрон бешубҳа маҳдуд нахоҳад шуд", - изҳор дошт Медведев.
Дипломати рус гуфт, "мо иҷоза намедиҳем, ки рӯйдодҳо тибқи чунин сенария ҷараён гиранд, ҳарчанд ҷинояткорони девона инро бисёр мехоҳанд".
Медведев: ҷудоӣ ва хиёнат - роҳ ба сӯи бузургтарин фоҷиа
Қаблан, Медведев гуфт, чизи аз ҳама муҳим барои мағлуб кардани душмане, ки мехоҳад Русияро аз ҳам ҷудо кунад, гирдиҳам омадан дар атрофи президент ва фармондеҳи олӣ Владимир Путин аст.
Ӯ қайд намуд, ки ҷудоӣ ва хиёнат роҳи бузургтарин фоҷиа ва фалокати умумибашарӣ аст, аммо пирӯзӣ бо Русия боқӣ хоҳад монд.