Эрон: Руйдоди ахир дар Русия мавзӯи дохилии ин кишвар аст

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран зимни нишасти матбуотӣ руйдоди ахир дар Русияро мавзӯи дохилии ин кишвар донист.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон Носири Канъонӣ гуфт, ки руйдоди ахир дар Русия мавзӯи дохилии ин кишвар аст Эрон аз ҳокимияти қонун дар Русия ҳимоят мекунад.
Неруҳои мусаллаҳи Русия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар ин кишвар иддаои Евгений Пригожинро рад карда ва эълом карданд, зидди фармондеҳи гурӯҳи "Вагнер" эъломи ҷурм шудааст.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳам дар суханоне эълом кард, ки Русия бо хиёнат рӯ ба рӯ аст, душман аз пушт ханҷар зада ва ин мустаҳаққи муҷозот аст.
Путин тасреҳ кард, ки Русия ба шиддат барои ояндаи худ мубориза мекунад ва ин мусталзими раҳо шудан аз ҳар он чизе аст, ки ин кишварро тазъиф мекунад.
Талоши шуриш дар Русия ба раванди амалиёти вижа дар Украина таъсир намерасонад
Роҳбари Русия дар паёмаш гуфт, шӯҳратпарастӣ ва манфиатҳои шахсӣ боиси хиёнат ба Русия ва мардуми Русия шудааст.
"Каҳрамононе, ки Соледар ва Артемовск, шаҳру маҳаллҳои аҳолинишини Донбассро озод карданд ва ҷони худро барои ягонагӣ ва сулҳи Русия нисор карданд. Ба ном ва ӯҳрати онҳо ҳам хиёнат карда, исён ташкил намуданд ва кишварро ба анархия, бародаркушӣ ва дар ниҳоят ба таслимшавӣ телла медиҳанд", - изҳор дошт Путин.