ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия идома дорад
Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ин иҷлосияро ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ кард.
“Ин ҳамоиш имкон медиҳад, ки соҳибкорони кишвар ва Русия дар бораи имкониятҳои мавҷудаи кору тиҷорат аз наздик гуфтушунид анҷом диҳанд ва ба ин васила шартномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонанд” - афзуд, ӯ.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар ин ҷаласаи корӣ 90 соҳибкор аз кишвари Тоҷикистон ва Русия дар толори меҳмонхонаи байналмилалии “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд иштирок доранд.
Ҳадафи иштирокдорони ин ҷаласа - бастани шартномаҳои ҳамкорӣ ва аз наздик муаррифӣ намудани имкониятҳои миёни ин ду кишвар гуфта мешавад.
Ин ҷаласа дар доираи форуми байналмилалии Суғд Экспо -2023 баргузор шуда истодааст.
Қарор аст дар заминаи баргузории ин ҳамоиш қарордоҳои ҳамкории дуҷониба дар самти гуногун:
Сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд,
Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобидаи ҳудуди вилоят
Бунёди корхонаҳои коркарди маъдан
Ба роҳ мондани корхонаҳои коркарди пахта
Инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳру навоҳии Суғд роҳандозӣ карда хоҳад шуд.
Форуми 9-уми байналмилалии Суғд Экспо -2023 бо иштироки 500 соҳибкор ва корпусҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷи дуру наздик то рӯзи 24 дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад кард.