ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ширкатҳои Русия қасд доранд дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон (МОИ) "Кӯлоб" ва "Суғд" ду корхона бунёд кунанд.
Дар ин бора Ислом Назаралиев, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон хабар дод.
"3 созишномаи байни МОИ "Суғд" ва ширкати русии "Лабораторияи ҳифзи сӯхтор" ба имзо расид - ин лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли эфири селлюлоза аст", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, бо МОИ "Кӯлоб" аз ҷониби ширкати русии "Преноли" ва ширкати "Растани Инно"-и Тоҷикистон, ки ба парвариш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш дар Тоҷикистон машғуланд, як созишномаи дигар ба имзо расонидааст.
Назаралиев афзуд, ҳамчунин миёни ҶДММ "Нет Солюшнз" ва Шӯрои соҳибкорӣ оид ба рушди лоиҳаҳои рақамӣ як ёддошти ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расид.
Вай дар сӯҳбат бо ТАСС тавзеҳ дод, ки сармоягузории лозим барои 3 тарҳе, ки аз ҷониби ширкатҳои Русия амалӣ мешаванд, аз 2,5 миллиард рубл зиёд аст.
Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон соли 2022 ҳамчун як платформаи ҳамкории соҳибкорони кишварҳо таъсис ёфтааст.
Дар назар аст, ки соҳибкорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносон дар ҷустуҷӯи роҳу самтҳои нави ҳамкорӣ муттаҳид шаванд.
Вазифаи Шӯро аз он иборат аст, ки дар пур кардани ҳамкориҳо бо мазмуни амалӣ, ки дар шартномаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ифода карда мешаванд, саҳм гузоранд.