ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Рӯзҳои истироҳатии наздик, 23-24 июни соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сели пиряхӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ низ омадани сел дар назар аст.
Ба гуфти ҳавошиносон, аз 24 то 25 июн дар вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, шаҳри Кӯлоб ва Душанбе бар асари тӯфони чангу ғубор, ки аз самти ҷанубу ғарб ба кишвар ворид мешавад, ҳавои атмосферӣ ифлос мешавад.
Қайд карда мешавад, ки зарраҳои чанги овезон 10 мкм (Rm-10) ва 2,5 мкм (Rm-2,5) хоҳанд буд.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад:
ҳангоми ҳаракат аз минтақаҳои хафвноки куҳии роҳҳо қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, бачагонро ба чарогоҳҳои куҳӣ нафиристанд;
ҳангоми ба шикор ё моҳидорӣ рафтан эҳтиёткор бошанд;
кӯдаконро дар назди обанборҳо беназорат ё танҳо нагузоранд;
дар сурати ифлосшавии хаво ниқоб пӯшида, дар биноҳо тозакунии тар гузаронед.
Қаблан Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба аҳолӣ ҳушдор дода буд, ки ҳавои хушку гарм дар аксари манотиқи Тоҷикистон аз 19 то 24 июни соли 2023 идома хоҳад кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин давра бинобар боло рафтани ҳарорат сатҳи об дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон афзоиш меёбад.