ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Имрӯзҳо нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба як эътидол ва ба таври худкор танзим мешаванд, аммо ин фақат як оромиши қабл аз тӯфон аст.
Дасти кам дар 30 соли ахир ҳеҷ кас ёд надорад, ки қабл аз идҳои мардумӣ, бахусус, Рамазон ва Қурбон нархҳо ҳадди эътидолро убур карда, барои як ду рӯз бозорро бесубот накарда бошанд.
Бино ба мушоҳидаҳои мо, дар ду бозори шаҳри Душанбе, яке “Деҳқон”, ба истилоҳ, бозори танзимкунандаи нархҳои шаҳр ва бархе навоҳии атроф ва “Маршал”, як бозор дар микроноҳияи 191 – и канори пойтахт, дар ҳоли ҳозир, қимати маводи ғизоӣ муътадил ба назар мерасанд.
Ба гунаи мисол, картошка – 6,5, пиёз – 3,5, сабзии наву куҳна 5 – 7, шакар - 12 -13, бушкаи 5 – литраи равған вобаста ба навъ - 75-90, як ячейкаи тухм - 30-35, бодиринг – 5-7, помидор – 4, кабудӣ - 3 донааш 1, як кило гӯшт - 70 сомонӣ, булғорӣ – 6, 5, як дона тарбуз аз 10 то 20, ҳандала - 3 дона 10 – 20 сомонӣ нарх доранд.
Дар ҳамин ҳол, ба бовари муштариён, қабл аз 28 июл, рӯзи Иди Қурбон, он гуна ки интизор меравад, аммо ба гунаи ғайри қобили пешбинӣ нархҳо боло хоҳанд рафт ва ин ба яке аз воқеиятҳои раднашавандаи бозорҳои Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Вале суол ин ҷост, ки чаро чунин иттифоқ ҳамеша афтодаву аммо ҳеҷ тағйире дар вазъ ба вуҷуд наомадааст?
Ҳукумати шаҳри Душанбе ва “Тоҷикматлубот” барои таъсир ба вазъ дар гӯшаҳои мухталифи пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маводи ғизоии арзон ташкил мекунанд, ки ба бовари коршиносон, ба вазъи куллӣ ҳеч таъсире расонда наметавонад.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва дар гузашта узви Шӯрои чамъиятии ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, қаблан бо фармони мири шаҳр ба ҳар бозор қабл аз оғози мавсими киштукор як миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷа дода мешуд, то онҳо бо хоҷагиҳо қарордод банданд ва аз қабл маводи ғизоиро барои захираву фурӯш харидорӣ кунанд.
“Ҳар бозор дар деҳот замини кишти худро дошт, то меваву сабзавотро захира кунад. Аммо ин тадобир шояд таъсире доштанд, вале вазъро тағйир намедоданд. Қабл аз идҳо дар бозори “Деҳқон” тайи як – ду соат нархи маҳсулот се-чаҳор маротиба тағйир меёфт”, - гуфт Раҷаби Мирзо.
Дасти кам дар 30 соли ахир дар Тоҷикистон, бахусус, пойтахт – шаҳри Душанбе ҳеҷ кас ба ёд оварда наметавонад, ки қабл аз идҳои мардумиву мазҳабӣ, бахусус, Рамазону Қурбон нархҳо ҳадди эътидолро убур накарда ва бозорҳо бесубот нашуда бошанд.
Ҳамасола дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ шуруъ аз савдогари бозор то масъулини сатҳи баланд мавриди интиқодҳои шадиди корбарон қарор мегиранд.
Дар ин миён, борҳо уламои исломии Тоҷикистон низ аз боло бурдани сунъии нархҳо интиқод карда, тибқи шариати ислом онҳоро маҳкум ва ба шадидтарин алфоз накӯҳиш карда, савдогаронро ба посухгӯӣ дар назди Худованд низ тарс доданд.
Аммо вазъ нишон медиҳад, ки касе аз Худо натарсид ё нахост мусулмони хуб бошад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури иқтисод, мегӯяд, давлат дар Тоҷикистон ҳаққи дахолат ба нархҳоро надорад, зеро иқтисод иқтисоди бозаргонист ва нархҳоро худи бозор аз рӯи қоидаи “бардорад зам, набардорад кам кун” таъйин мекунад.
“Он чӣ давлат бояд кунад, афзойиши воридоти маводе, ки аз хориҷ ворид мешавад ва ҳам маҳсулоте, ки дар дохил истеҳсол мешавад, аст. Ин корро давлате метавонад кунад, ки иқтидори иқтисодии кишварро баланд дорад. Аммо ҳоло вазъи таъмини маводи ғизоӣ дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳатто давлатҳои қудратмандтарин низ дар ин амр кам меоянд”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба гуфтаи ӯ, он чӣ онҳо метавонанд анҷом диҳанд, ироаи кӯмакпулиҳои иловагӣ ба мардум аст, дасти кам фарқияти нархҳоро метавонанд ҷуброн кунад
Он гуна ки аз гуфтаҳои боло бармеояд, таъсир расондан ба болову пойинравии нархҳо дар Тоҷикистон як кори ғайримумкин аст, зеро ҳам авомили дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бо вазъ ҳамоҳангӣ намекунанд.
Танҳо чизе, ки аз дасти муштариён, балки савдогарону мақомот низ меояд, ҳамоно тамошои он аст, ки нархҳо чӣ гуна худро ба "девонагӣ" мезананд.