ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббоq Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Намангони Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдураззоқов ба хотири тақвияти ҳамкорӣ санади навро ба имзо расондианд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
“Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, савдо ва тиҷорат, сайёҳӣ, фарҳанг миёни вилоятҳо харитаи роҳ ба имзо расонида шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки ҳокими вилояти Намангони Ӯзбекистон Шавкатҷон Абдуразоқовро, бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" ба вилоят омад.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар дидор ҳамтои ӯзбекаш таъкид кардааст, ки ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ду кишвар дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад.
Таъкид шудааст, ки раисони вилоятҳо бо изҳори омодагӣ барои тақвияти ҳамкории судманди дуҷониба баргузории Намоишгоҳи байналмилалии савдо "Суғд-2023"-ро барои тавсеаи равобит муфид медонанд.