Чӣ теъдод аз муҳоҷирон дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистонанд?

Мақсади асосии муҳоҷират ба Русия - фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Масъалаҳои муҳоҷират ва мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия хеле шадиданд.
Михаил Бурда, коршиноси умури муҳоҷират, номзади илмҳои сиёсӣ, ҳамзамон - дотсенти Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Русия дар бораи омори вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия сухан гуфт.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабиние, ки дар бинои Палатаи ҷамъиятии кишвар баргузор гардид ва ба мушкилоти мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон бахшида шуда буд, ширкат дошт.
Вазорати корҳои дохилии Русия омори будубоши муҳоҷирон дар ин кишварро ошкор кард
Зикр гардид, ки ҳадафи аслии муҳоҷират ба кишвар фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис.
Коршинос, ҳамчунин, аз кишварҳое ном бурд, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия меоянд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 3,1 миллион нафар омадаанд. Ин дар ҳоле ки теъдоди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон - 4,9 миллион ва аз Қирғизистон - 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки соли 2023 дар ин кишвар ҳудуди 6,6 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд.