Соҳибкорони Корея мехоҳанд дар Суғд кишти ҷуворимакка ва коркарди онро ба роҳ монанд

Раиси вилояти Суғд мегӯяд, соҳибкорони Корея имкон доранд дар вилоят гармхонаҳои муосир, корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот бунёд намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи сармоягузорону​ соҳибкорони​ Ҷумҳурии Корея масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ​ дар самти истифодаи самараноки замин ва ҷалби сармояро баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Раиси вилоят дар ин дидор таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд дар азхудкунии заминҳо, бунёди гармхонаҳои муосир,​ ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва саноати куҳӣ тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.
Аҳмадзода: Мубодилаи мол миёни вилояти Суғд ва митақаҳои Русия беш аз 600 млн. доллар аст
Дар ҳамин ҳол, соҳибкорону сармоягузорони​ Корея дар навбати худ ҳавасмандии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки барои ба роҳ мондани кишти ҷуворимакка ва коркарди он бо доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд метавонанд ҳамкорӣ намоянд.
“Дар ин росто мутахассисон масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, барои амалисозии ин​ иқдом чораандешӣ менамоянд”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот изҳори боварӣ намуданд, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" чун майдони гуфтугӯ ва муколамаи соҳибкорони ду тараф хизмат хоҳад кард ва барои таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконият фароҳам меорад.