ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳукумати Толибон* ба таҳдиди терроризм дар Афғонистон хотима дода наметавонад ва ё намехоҳад, сарфи назар аз ҳамаи ваъдаҳои додааш.
Дар ин бора Владимир Воронков, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар шарҳи гузориши гурӯҳи мониторинги таҳримҳо алайҳи режими феълии Афғонистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кишвар боз ба маркази асосии паҳншавии терроризм табдил меёбад.
"Бо вуҷуди ҳама ваъдаҳо, сарфи назар аз ҳама изҳороти баланд, далелҳо чизи дигареро нишон медиҳанд: ҳукумат воқеан наметавонад таҳдиди террористиро ҷилавгирӣ кунад ё намехоҳад", - изҳор дошт Воронков.
Таҳлилгарони минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ба ин назаранд, ки ҳукуматдорони имрӯзи Кобул ҷобаҷоии гурӯҳҳои террористиро махсусан дар шимоли ин кишвар ҳамчун манбаи фишор истифода мебаранд.
Дар баробари чандин гурӯҳҳои террористӣ, ҳоло мунтақили гуруҳҳои Таҳрики Толибони Покистон** аз Вазиристини Покистон ва Ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар, махсусан марзҳои Тоҷикистон идома дорад.
Қаблан вазири корҳои дохилии Покистон гуфта буд, ки Толибон* барои дур кардани ТТП** аз Марзҳои ин кишвар аз Исломобод пул хоста буданд.
Гуфта мешавад, ин амалкарда толибон дигарбора манбаи асосии ҷангҳои хунини қавмӣ хоҳад шуд
* - созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
**- созмоне, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.