ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар Тоҷиикстон сар аз 1 августи соли ҷорӣ пурра ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ роҳандозӣ мешавад.
Дар ин бора фамони раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ӯ.
Ҳамин тариқ, пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд - хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
Бар асоси фармон, ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба манъ карда шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ муваззаф шудаанд, ки инфрасохтори заруриро барои қабули пардохтҳои ғайринақдии худ то 1 августи соли 2023 таҳия, ташкил ва таъмин намоянд.
Ҳамзамон онҳо бояд бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ намоянд;
Президент масъулияти таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдиро ба зимаи Хадамоти алоқа гузоштааст.
Тибқи фармон ҳамчунин ин ниҳод бо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд дастур гирифтаанд, бо тартиби муқарраршуда якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки иқдоми мазкур васеъ таблиғ шуда, то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ шавад.
Аз натоиҷи ин фармон
Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа бояд ҳисобот диҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа бояд ҳисобот диҳанд.