Шойгу гуфт, алъон сарнавишти Русия ҳал мешавад

Вазири дифои Федератсияи Русия гуфт, Ғарб ҷанги воқеиро алайҳи Русия оғоз кард ва бори дигар кӯшиш намуд, ки бо тамоми қудраташ онро шикаст диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ҳоло сарнавишти Русия ҳал мешавад, ояндаи геополитикии он муайян мегардад, гуфт вазири дифои Русия Сергей Шойгу.
"Рафикон афсарон, шумо таҳсилро дар як давраи барои кишвар ниҳоят масъулиятнок, ки тақдири Ватани мо ҳал мешавад, ояндаи геополитикии он муайян карда мешавад, ба итмом расондед", - гуфт Шойгу рӯзи чоршанбе дар Кремл зимни суханронии худ дар назди хатмкунандагони мактабҳои олии ҳарбӣ, менависад "РИА Новости".
Шойгу гуфт, ки артиш барои таъмини амнияти кишвар ҳамаи талошро мекунад.
"Ғарб дастаҷамъона ҷанги воқеиро алайҳи Русия оғоз кард ва бори дигар кӯшиш намуд, ки бо тамоми қудраташ онро шикаст диҳад", - афзуд Шойгу.
"Таҳримҳои беохир ҷорӣ мешаванд, ошӯбҳо ва низоъҳои низомӣ барангехта мешаванд, давлатҳои ҳамсоя ба режими Киев к=макҳои азими низомӣ мерасонанд", - гуфт вазири дифои Русия.
Ба гуфтаи вазир, дар чунин шароит аз хатмкунандагони донишгоҳҳои ҳарбӣ "маҳорати баланд, қобилияти саривақт қабул кардани қарорҳои ғайримуқаррарӣ ва ба дӯш гирифтани масъулият тақозо мешавад."
"Таълим ва тарбияи кадрҳо ба шумо бовар карда шудааст. Ҷасурона таҷрубаи амалиёти вижаи низомиро дар омодагии ҷангӣ ҷорӣ кунед", - таъкид кард Шойгу.
Шойгу: Ғарб бар зиди Русия ва Белорус ҷанги эълоннашуда мебарад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Русия афзоиши бесуботиро ба талоши бархе аз давлатҳо барои ҳифзи мавқеи пешсафияшон рабт дода, таъкид намуд бояд эҳтироми тарафайн бошад.
Вай афзуд, вазъияти байналхалқӣ майли афзоиши бесуботӣ дорад.
Шойгу гуфт, ин вазъият бевосита ба хоҳиши давлатҳои алоҳида барои нигоҳ доштани мавқеи ҳукмронии худ, комилан нодида гирифтани истиқлолият ва манфиатҳои дигар кишварҳо алоқаманд аст.
Шойгу: алайҳи Русия тамоми тавоноии НАТО равона шуд
"Мо мебинем, ки ба вазъияти ҳозира ноустувории рӯзафзун дорад. Дар минтақаҳои гуногун ҷойҳои куҳнаи даргир мавҷуданду мавзеъҳои нави доғ ба вуҷуд меоянд. Бори манфии низоъҳо ҷамъ шуда истодааст", - гуфт ӯ.