Мақомот ба сокинони чаҳор ноҳияе, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар диданд, замин медиҳанд

Мақомоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хаба дод, ки пас аз баррасии пурраи ин масъала тақсимоти заминҳо шуруъ мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд барои муҳоҷирони экологии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштичу Спитамен, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар диданд ва сокинони маҳаллӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Раиси ноҳия Зафаробод Раҷаб Ашурзода таъкид кардааст, ки бо ин мақсад, 415 гектар замин ҷудо шуда, ҳоло аз ҷониби комиссия аризаҳои сокинон мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ахиран дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия, 7 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла Даврон Сатторов, Умедҷон Абдуллоев ва Наргиза Атоева, барои гирифтани замин муроҷиат карданд. Онҳо иброз доштанд, ки дар як хона ду-се оила ба сар бурда, барои бунёди хона эҳтиёҷ ба замин доранд.
Замин ба муаллимон: Талоши мақомоти ноҳияи Дӯстӣ барои ҷалби омӯзгорон ба кор
Ба гуфтаи раиси комиссияи тақсимоти замин, ҳамзамон, муовини якуми раиси ноҳия Некмурод Ҷумъазода, теъдоди муҳоҷирони экологӣ ҳазор оиларо ташкил дода, ба онҳо аз ҳудуди шаҳраки Меҳнатобод ва деҳоти ба номи А.Ҷомӣ заминҳои наздиҳавлигӣ дода мешаванд.
“Комиссия аризаҳои сокинони маҳаллиро, ки барои гирифтани замин пешниҳод шуда буданд, мавриди омӯзиш қарор дода, муайян намуда истодааст, ки кадом шаҳрванд воқеан, эҳтиёҷманд аст. Пас аз баррасии пурраи ин масъала тақсимоти заминҳо шуруъ мегарданд”, – гуфт Некмурод Ҷумъазода.