ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай дар дидор бо сафири Эрон дар Кобул Ҳасани Козимии Қумӣ таъкид кард, ки фазои сармоягузорӣ дар Афғонистон мусоид аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории “Тасним”.
Дар ин дидор ҳамчунин ду тараф бар афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.
Ҳомид Карзай дар сафҳаи твиттериаш изҳор дошт, ки ду тараф бо ишора ба шароити амниятии мусоид хотирнишон карданд, замина барои фаъолияти тиҷорӣ ва иқтисодии тавассути сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ фароҳам шудаасту хоҳони афзоиш он шуданд.
Карзай ҳамчунин афзуд, ки дар ин дидор ду тараф изҳори умедворӣ карданд, ки густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар мӯҷиби коҳиши бекорӣ ва рафъи ниёзҳои зарурии мардум Афғонистон шавад.
Пештар мақомоти ҳайати ҳокимаи Афғонистон эълом кардаанд, бар асоси зарфиятҳоу заминаҳои боло ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Теҳрону Кобул алоқаманд ба тавсеа ва афзоиши мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафир Эрон дар Кобул бо раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар бораи истифодаи роҳи оҳани Хоф ва Ҳирот дидору гуфтугӯ кард.