Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 18 ва рӯзона 34 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то 9 дараҷа ва рӯзона то 21 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ асосан бебориш дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа, рӯзона то 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13 дараҷа ва рӯзона то 30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 29 ва рӯзона то 46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 25 ва рӯзона то 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Обуҳавошиносон аз сар задани чангу ғубор ҳушдор медиҳанд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 27, рӯзона то 42 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 21 дараҷа ва рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 25 дараҷа ва рӯзона то 41 дараҷа гарм мешавад.