ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Актюбе дар робита ба марги чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба тафтишоти пешакӣ шурӯъ кардаанд.
Бино ба гузориши манбаъ, чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар муассисаи тиббии наздиктарин бистарӣ шудаанд.
Ҳодиса рӯзи 21 июн тақрибан соати 8-и субҳ дар километри 631-уми шоҳроҳи Самара-Шимкент дар наздикии рустои Кобда рух додааст.
"Ронандаи мошини тамғаи "Hyundai Starex", шаҳрванди Тоҷикистон, идораро аз даст дода, мошинро чаппа кардааст. Дар натиҷаи садама ду мусофир, аз ҷумла як духтари 15-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - омадааст дар хабар.
Дар ин бора, дафтари матбуоти идораи пулиси вилояти Актюбе хабар додааст.
Баъдан маълум шуд, ки боз ду ҷабрдида, аз ҷумла як ноболиғ дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони марказии ноҳияи Кобдинск ба ҳалокат расидаанд.
Вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад.
Тибқи таҳқиқи пешакӣ, ронанда дар ҳолати хастагӣ сари чанбарак будааст.