ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон зимни суханронӣ дар семинар-машварати занбӯриасалпарварон дар ноҳияи Ховалинг тамоюли афзоиши беморони қандро нигаронкунанда арзёбӣ кард.
"Вақтҳои охир дар кишвар гирифторшавии аҳолӣ ба бемории қанд афзуда истодааст", - изҳор дошт роҳбари давлат.
Президент иллати афзоиш ёфтани ин маризӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба истеъмоли нодурустӣ ғизо, аз ҷумла ба аз ҳад зиёд хӯрдани нону ширинӣ, ки оқибат ба фарбеҳшавӣ оварда мерасонад, рабт дод.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон аз сифати баланди меваҷоти кишвар ва обҳои мусаффо ва ҳавои мусоид зикр намуда, тавсия дод, ки барои гирифтор наушдан ба ин дард бояд аз имкониятҳои табиии Тоҷикистон истифода бурд.
Роҳбари давлат тавсия дод, истеъмоли нону ширинӣ бояд кам карда шаваду ба ҷои он бештар меваю сабзавот хӯрд. Ҳамчунин пеш бурдани тарзи ҳаёти солимро низ ба шаҳрвандон тавсия дод.
Маврид ба зикр аст, ки фарбеҳӣ метавонад инсонро ба бемории диабети қанд оварда расонад.
Қаблан мақомоти вилояти Суғд аз зиёд шудани фарбеҳӣ миёни кӯдакону наврасон бонги изтироб заданд. Дар вилоят то моҳи феврали ҳамин сол 9926 нафар бо бемории фарбеҳӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миён 8669 нафарашро калонсолон, 736 нафараш кӯдакони то 14 сола ва 521 нафарашро наврасони синни мактабӣ ташкил медиҳад.