Муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин рушди Душанберо мусбат арзёбӣ кард

Дар рӯзи аввали сафар арбоби давлатии Русия ҳамроҳ бо раиси пойтахт ба шаҳр сафари омӯзишӣ анҷом дода, аз шукуфоиҳои он дидан карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин вориди Тоҷикистон шуда, бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе мулоқот кард.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар рӯзи аввали сафар арбоби давлатии Русия ҳамроҳ бо раиси пойтахт як сафари омӯзишӣ анҷом дод.
"Ману Рустами Эмомалӣ шаҳрро бо мошин давр зада аз назар гузаронидем ва дар рушди Душанбе дигаргуниҳои хеле бузурги мусбатро дидам. Мебинам, ки шаҳр чӣ гуна рушд мекунад, сохтмонҳои фаъол идома доранд. Вазъияти хеле хуб - роҳҳо, боғҳо, пиёдагардҳо", - таъкид кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки муовинони нахуствазир Марат Ҳуснуллин ва Алексей Оверчук барои баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо вориди Тоҷикистон шуданд.
Лавров гуфт, ҳеҷ кас наметавонад миёни Русия ва Тоҷикистон фосила эҷод кунад
Қаблан раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев аз шукуфоии назарраси пойтахти Тоҷикистон ситоиш карда буд.
"Он чизе ки ман мебинам, аз он мегӯяд, ки пойтахти Тоҷикистон боз ҳам зеботар хоҳад шуд", - таъкид кард сарвари давлат.