Ҳуснуллин: Барои Русияву Тоҷикистон интиқоли мустақими маводи кишоварзӣ муҳим аст

Мақомодори рус дар бораи рушди зерсохторҳои молиявӣ, бахусус, ҳамкорӣ бо асъори миллӣ ва соҳаи фарҳангро яе аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои Маскаву Душанбе номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Рушди интиқоли мустақими маҳсулоти кишоварзӣ бидуни миёнарав барои Русия ва Тоҷикистон муҳим аст.
Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин хабар дод.
"Нақлиёт авлавият дорад - интиқоли саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ (аз Тоҷикистон) ба Русия ва маҳсулот аз Русия мустақиман бидуни миёнаравҳо хеле муҳим аст",- гуфт ӯ.
Ҳуснуллин ҳамчунин қайд кард, ки Маскав ва Душанбе рушди зерсохтори молиявиро яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо, аз ҷумла ҳамкориҳо бо асъори миллӣ ва ҳамчунин соҳаи фарҳанг медонанд.
Ҳуснуллин мехоҳад дар Тоҷикистон монанди Маркази “Сириус” ташкил намояд
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия нақшаи бузурги корҳоро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ муайян кардааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Мордовия ахиран дар пайи мулоқоти раҳбари ҷумҳурӣ Артем Здунов ва вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода эълон кард, ки мақомоти Мордовия интизори таъсиси як маркази яклухт ва чаканаи мол барои роҳандозии занҷирҳои интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Осиё аст.
Ҳакимзода дар навбати худ пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон корхонаи муштараки тавлиди гӯшту шир дар шакли "фермерии интеллектуалӣ" таъсис дода шавад.