ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 19 то 24 июни соли равон дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳавои хушку гарм идома меёбад.
Ба иттилои манбаъ, дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 47, дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд то 43, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо то 39 дараҷа гарм мешавад.
КҲФ хабар додааст, ки дар баъзе ноҳияҳо рӯзҳои 23-24 июни соли 2023 дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ ҳушдор додааст, ки дар ин давра бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи оби ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баланд мешавад.
“Бар асари гармӣ дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани сели пиряхӣ вуҷуд дорад”, - иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Дар робита ба ин, ин ниҳоди давлатӣ аз аҳолӣ даъват кард, ки тамоми чораҳои эҳтиётиро риоя намуда, партовҳоро ҷӯйборҳои селрав тоза намуда, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани гов ва шикор дар баландкӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин КҲФ ронандагонро ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ё дар минтақаҳои селрави хавфноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинхоро қатъиян риоя карда шавад.