Чангу ғубор ва гармӣ то 42 дараҷа: Пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик

Дар Тоҷикистон ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддату раъду барқ мешавад ва дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додаст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят бошад ҳаво рӯзона то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 26 дараҷа, рӯзона то 42 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 12 дараҷа ва рӯзонато 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона то 44 дараҷа гарм мешавад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 26, рӯзона то 41 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 17 дараҷа ва рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 24 дараҷа ва рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.