Нархи биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон 30% баланд шуд: шарҳи шоликорону тоҷирон

Тайи ду ҳафтаи охир арзиши биринҷ яке аз умдатарин маводи ниёзи хонаводаҳои тоҷик дар бозорҳои кишвар беш аз 30% баланд шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Арзиши биринҷ дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар ба 16 - 18 сомонӣ дакка задааст. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш арзиши биринҷ ҳамагӣ 10 - 12 сомонӣ буд.
Тоҷирони бозорҳо ва шолипарварони Суғд сабаби гароншавии нархи биринҷро тавре шарҳ медиҳанд, ки аз ҳам тафовут дорад.
Усмон Сиддиқов яке аз тоҷирони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд мегӯяд, камбуди захираи биринҷ ба ин ҳол сабаби болоравии нарх шудааст.
"Аксар шолипарварон шурӯъ аз охирҳои зимистон то аввали баҳор ҳосили соли гузаштаи биринҷро нигоҳ надошта арзон фурӯхтанд, зеро аз ҳисоби намнокии баланди тирамоҳи гузашта мағор бастани биринҷашон эҳтимол дошт. Аз ҳамин ҳисоб ба ин ҳол захираҳои биринҷ камтар шуд”, – зикр кард, тоҷири бозор.
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, боре, ки ҳаҷми он дар бозор кам мегардад ба таври табиӣ нархи он баланд мешавад.
Биринҷфурӯшони бозорҳо мегӯяд, гароншавии нарх сабаби суст шудани суръати савдои онҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол Ҳаким Носиров яке аз шолипарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабаби баландшавии нархи биринҷро ба афзоиши хароҷоти истеҳсоли он рабт дод. Ин деқони суғдӣ мегӯяд, соли гузашта нархи ҳама намуд нуриҳои минералӣ то 60% боло рафт ва ин омил таъсири амиқи худро ба кору фаъолияти кишоварзон аз ҷумла шолипарварон боқӣ гузошт.
"Биринҷи бозорҳо ҳосили соли гузашта аст. Соли қаблӣ нархи як халта (50 кг) мочевина 600 ва нитроаммофоска то 650 сомонӣ дакка зад. Бар замми ин нархи сӯзишвории техникаҳои кишоварзӣ ҳам боло рафт ҳамаи ин ба ҷайби деҳқонон зарба зад. Умедворем, соли ҷорӣ арзиши нуриҳои минералӣ арзону дастрас шавад”, – изҳор намуд ӯ.
Назорати нарху таъмини бозор: Аҳмадзода аз бозори “Панҷшанбе” хабар гирифт
Бино ба иттилои Идораи кишварзии Суғд, соли гузашта аз майдони беш аз 8 ҳазор га кишти шолӣ беш аз 56 ҳазор тон биринҷ маҳсулоти асосии оши палав ба даст оварда шудааст, ки ин рақам 50 - 55 сентнерӣ рос меояд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ ҳам на кам аз соли қаблӣ кишти шолӣ дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва Панҷакент парвариш хоҳад шуд.
Шолипарварон дар вилояти Суғд мегуянд, солҳои охир бо сабаби тағйирёбии иқлим кору заҳмати онҳо бештар шуда ва рӯёнидани биринҷ мушкилтар шудааст.