Намозугузор ба сӯи масҷиди нав мераванд
Нахустин намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе
Ҳазорҳо сокинони шаҳр баарои хондани намоз ба Масҷиди марказии шаҳри Душанбе
Дар худуди он бино барои адои намоз, китобхона, осорхона, толори маҷлисҳо ва қабули меҳмонон, инчунин таваққуфгоҳ барои 4000 мошин мавҷуд аст.
Масҷиди марказии Душанберо алакай боҳашаматтарин иншооти меъмории Тоҷикистон ва азимтарин иншооти мазҳабии ҷумҳурӣ аз замони истиқлолият бунёдшуда номидаанд.
Ҳазорҳо сокинони пойтахт барои адои намози ҷумъа ба масҷиди марказӣ - рафтанд
Масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст.
Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.
Санги асоси масҷид 5 октябри соли 2009 зимни бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии ӯ гузошта шуд.
Ин иншоот аз чаҳор манораи баландии ҳар кадоми онҳо 74 метр, гунбази 43 метрӣ ва 17 гумбази хурд иборат аст.
Масҷид гумбази зебову мунаққаши калон бо баландии 43 метр ва 17 гумбази хурд бо баландии 35 метр дорад.