Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Балитский: Артиши Украина дар хати ҷабҳаи Запарожие то моҳи август торумор мешаванд

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Запарожие ахиран гуфт, ки артиши Украина дар давоми як ё якуним моҳ комилан торумор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи волии вилояти Запорожие Евгений Балицкий дар шабакаи телеграми худ навишт, ки нерӯҳои украинӣ дар тӯли як ё якуним моҳи дигар дар хати ҷабҳаи Запорожие "ҳазм" ва "ба атомҳо” тақсим карда мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, тайи нӯҳ рӯзи ахир низомиёни украинӣ талош доранд, дар самти Запорожие хати дифоъро канда кунанд, вале то мувафақ нашуданд ва ягон шаҳраки муҳими стратегиро ишғол накарданд.
"Агар онҳо мисли нӯҳ рӯзи охир ҳамларо идома диҳанд, пас ман фикр мекунам, ки дар давоми якуним моҳи дигар мо онҳоро "ҳазм" карда, ба атомҳо тақсим мекунем ва пас аз тамом шудани душман он гоҳ мо баро ташаббусҳо худ имконият пайдо мекунем. То ба ҳол ҳама чиз, ба назари ман, аз рӯи сенарияи дурусти эҳтимолии мо идома дорад", - навиштааст Балитский.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
"Хотима додани ҷанг": Путин дар бораи ҳадафҳои амалиёти вижа сухан гуфт
Ҳамлаи Украина дар самтҳои Ҷануби Донетск, Запорожие, Артемовск 4 июн оғоз шуд, дар ҳоле, ки зарбаи асосии артиши Украина дар ҷабҳаи Запорожие мутамарказ шуда буд.
Киев гурӯҳҳои ҷангиро, ки бо кумаки мутахассисони НАТО омода шуданд ва бо техникаи Ғарб мусаллах буданд, ба хати ҷабҳа партофт. Мақсади ҳамлаи Киев ба гуфтаи фармондеҳи артиши 58-уми Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, генерал-майор Иван Попов, рахна кардани хати дифои Русия, ва расидани сарбозони украинӣ ба баҳри Азов мебошад.
Илова бар ин, қаблан Украина борҳо изҳор дошт, ки ҳадафи ҳамла дастрасӣ ба Қрим аст.